Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду қочоқбар бо 30 кило маводи мухаддир дар Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 16-уми октябр хабар дод, ки дар вилояти Ӯш миқдори зиёди маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.

Дар хадамоти матбуотии кумита гуфтанд, маводи мухаддир ба гуруҳи байналмилалие тааллуқ дорад, ки бо қочоқи мавод дар масири "Тоҷикистон - Қирғизистон - Узбекистон" машғул буд.

Ба хабари манбаъ, дар шоҳроҳи "Бодканд - Ӯш" 11-уми октябр ду нафар - як шаҳрванди Русия ва як қирғизистониро дастгир кардаанд ва аз онҳо 30 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 20 кило ҳашиш мусодира шудааст.

Боздоштшудаҳо ба ҳабс пешакӣ гирифта шуда, шахсияти аъзои дигари гуруҳ муайян карда мешавад.

Дар Бодканд соли 2022 низ 33 кило маводи мухаддир мусодира шуда буд. Мақомоти қирғиз он замон гуфтанд, ин миқдор маводи мухаддирро аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки якеашон корманди Вазорати умури дохилии кишвар гуфта мешуд, мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG