Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Русия аз сарнагунии 27 паҳпод хабар дод


Пайомади ҳамлаи бесарнишинҳо ба Русия. 24 июли соли 2023.
Пайомади ҳамлаи бесарнишинҳо ба Русия. 24 июли соли 2023.

Вазорати дифои Русия аз сарнагунии 27 бесарнишин дар фазои ин кишвар хабар дод. Ба иттилои вазорат, 18 паҳпод дар вилояти Курск ва ду адади дигар дар Белгород пайгирӣ ва нобуд шуданд. Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки ҳафт бесарнишини дигар ба кадом минтақаи ин кишвар партоб шудааст.

Вазорати дифои Русия, партоби дронро кори низомиёни украинӣ гуфтааст.

Украина расман ин ҳамлаҳоро шарҳ намедиҳад.

Шаби 14 ба 15-уми октябр, Роман Старовойт, волии вилояти Курск хабар дод, ки дар фазои ин минтақаи Русия 12 ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Шаби гузашта дар шаҳри ғасбшудаи Севастопол дар Қрим, садои бонги хатар шунида шуд. Волии аз тарафи Русия таиншудаи шаҳр гуфт, ин садо ба машқҳои низомии флоти Русия рабт дорад.

Баъзе минтақаҳои Русия ба таври мунтазам аз сӯи дронҳои эҳтимолан украинӣ ҳамла мешаванд. Моҳҳои ахир чанд дрон то ноҳияҳои мухталиф, ҳатто то Кремл расиданд.

Русия низ барои ҳамла ба Украина аз дронҳо истифода мебарад.

XS
SM
MD
LG