Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, Кореяи Шимолӣ ба Русия “силоҳ дод”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки Кореяи Шимолӣ дар ҳафтаҳои охир зиёда аз ҳазор “контейнер” аслиҳаро ба Русия супурд.

Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки Кореяи Шимолӣ дар ҳафтаҳои охир зиёда аз ҳазор “контейнер” аслиҳаро ба Русия супурд.

Бар асоси маълумоти дарёфтии Амрико, Кореяи Шимолӣ ин силоҳҳоро ба мақсади истифода дар ҷанг дар Украина додааст.

Ҷон Кирби, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, рӯзи 13-уми октябр гуфт, ба бовари онҳо, Кореяи Шимолӣ дар иваз мехоҳад аз Маскав фанновариҳои пешрафтаро барои барномаҳои ҳастаияш бигирад.

Кохи Сафед ҷадвалеро нашр кард, ки дар он дида мешавад, аз ҳафтуми сентябри имсол то аввали октябр “контейнер”-ҳое бо парчами Русия дар киштиҳо ҷобаҷо шудаанд.

Кирби гуфт, ин талоши Кореяи Шимолиро маҳкум мекунанд ва афзуд, “Вашингтон ба назорат идома хоҳад дод, ки оё силоҳҳои бештаре аз тарафи ин кишвар ба Русия дода мешавад ё не”.

XS
SM
MD
LG