Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, дар натиҷаи таркише дар дохили як масҷиди шиаён дар шаҳри Пули Хумрии вилояти Бағлони Афғонистон чандин нафар кушта шудааст. Манбаъҳо дар вилояти Бағлон ба бахши Афғонии Радиои Озодӣ бо шарти ифшо нашудаани номашон бо далелҳои амниятӣ гуфтанд, ки тахминан 30 ҷасадро ба як беморхонаи Пули Хумрӣ интиқол доданд. Таркиш 13 октябр ба ҳангоми намози ҷумъа дар масҷиди Имоми Замон рух дод.
Толибон хабари таркишро тасдиқ карданд, вале шумори талафотро нагуфтанд. Билол Каримӣ, як сухангӯи ҳукумати Толибон дар сӯҳбат бо Франс Пресс гуфт, “Ман ин ҳодисаро ба шиддат маҳкум мекунам, вале ҳоло тамоми иттило дар дасти ман нест”. Мавлавӣ Ҳошимӣ, як намояндаи Толибон дар Бағлон гуфт, ки мурдаву захмиҳоро ба беморхона интиқол медиҳанд ва мақомот бо кадом намуди силоҳ анҷом ёфтани таркишро таҳқиқ доранд.
Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст, вале дар гузашта гурӯҳи “Давлати исломӣ” бисёр вақт чунин ҳамлаҳоро ташкил кардааст.