Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Раҳмон ва Путин дар Бишкек


Мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Русия дар Бишкек. 13 октябр
Мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Русия дар Бишкек. 13 октябр

Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти худ дар ҳошияи ҷаласаи Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ дар Бишкек ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд. Ба иттилои вебсайти президенти Тоҷикистон, дар мулоқоташ бо Владимир Путин раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «аз ҷараёни мусбати ҳамкории ду давлат дар тамоми соҳаҳо» изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Ба иттилои расмӣ, дар ин дидор ҳамкориҳо дар «соҳаҳои бонкдорӣ, молия, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ» баррасӣ шуда аз «зарурати беҳтар намудани ҳамёрии сохторҳои дахлдор дар соҳаи муҳоҷират» гуфтаанд.

Ба иловаи ин, аз сатҳи ҳамкориҳои фарҳангӣ, оғози лоиҳаи бунёди Маркази таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Тоҷикистон қаноатмандӣ зоҳир шудааст.

Ҷузъиёти аз ин беш дода намешавад.

Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ дониста мешаванд. Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст; соле то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд.

Вале маҳз муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, аз беҳимоятарин қишри коргарони хориҷӣ дар ин кишвар дониста мешаванд, ки вобаста ба тағйирёбии муносибатҳои байни раҳбарон ё ҳукуматҳои ду кишвар мавриди фишору азият қарор мегиранд. Мунаққидон Русияро барои ваъдахилофиҳояш дар иҷрои тарҳҳои иқтисодию саноатӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Баъди ҳуҷуми Русия ба хоки Украина феврали соли 2022 ва таҳти таҳримҳои шадиди ғарбӣ мондани он, додугирифтҳои ин кишвар бо давлатҳои собиқ шӯравӣ бештар шуд. ТАСС бо такя ба оҷонсии омори Тоҷикистон менависад, додугирифтҳои тиҷоратии миёни Тоҷикистону Русия аз январ то августи соли 2023 беш аз 1,1 миллиард долларро ташкил дода, 3 % бештар назар ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG