Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми октябр барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ба Бишкек меравад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ҷузъиёти бештар дар барномаи сафари оқои Раҳмон феълан дастрас нест.

Аз миёни роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон аз ширкат дар нишасти Бишкек худдорӣ кард. Сабаби наомадани Пашинян маълум нест, ҳарчанд баъзеҳо инро ба ҳамлаи ахири Озарбойҷон ба минтақаи Қаробоғ рабт медиҳанд. Дар Ереван бархеҳо аз Русия интиқод карданд, ки натавонист арманҳои Қаробоғро ҳимоя кунад.

Расонаҳои русӣ аз қавли Кремл навиштанд, Владимир Путин 12-уми октябр ба Бишкек меравад.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, як созмони зери нуфузи Русия 32 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари шӯравии собиқ таъсис ёфтааст.

Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ин созмон ҳастанд. Кишварҳои назди Балтика – Литва, Латвия ва Эстония ҳеҷ гоҳ аъзои ин созмон набуданд. Гурҷистон баъди ҷанги моҳи августи соли 2008 бо Русия аз узвияти СНГ хориҷ шуд. Украина ба далели мухолифатҳояш бо Русия ва ишғоли Қрим аз тарафи Маскав дар соли 2014 чанд сол боз намояндагони худро ба нишасти созмон намефиристад.

XS
SM
MD
LG