Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон: писари вакили порлумон барои латукӯб ҷазо гирифт


Давлат Турлиханов
Давлат Турлиханов

Писари як вакили порлумони Қазоқистон барои латту кӯби зану шавҳари ҳуқуқшинос Анна Димитриевич ва Олег Чернов ҷарима шуд.

Додгоҳ Нурасил Болатро бештар аз 3,6 ҳазор доллар ҷарима баст. Ҳамчунин вай вазифадор шудааст, ки ба ҷабрдидаҳо дар ҳаҷми бештар аз 2 ҳазор доллар ҷуброни зарари моддиву маънавӣ пардозад.

Ҷабрдидаҳо дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Писари вакил моҳи феврали соли ҷорӣ дар латту кӯби зану шавҳар гумонбар шуда буд. Лазҳаи латту кӯб дар дурбинҳо сабт шудааст.

Нурасил Болат, писари вакили порлумони он кишвар Давлат Турлиханов аст.

XS
SM
MD
LG