Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TikTok дар Узбекистон ҳамчун андозсупоранда сабти ном шуд


Ширкати сингапурии TikTok PTE LTD рӯзи 5 октябр ҳамчун андозсупоранда дар мақомоти андози Узбекистон сабти ном шудааст. Акнун ҳангоми пардохти харҷи хидматрасонии ширкат 12 дарсад андоз ситонида мешавад.

Шабакаи иҷтимоии TikTok дар Узбекистон моҳи июли соли 2021 баста шудааст. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ба хотири риоя накардани қонун "Дар бораи маълумоти шахсӣ" дастрасиро ба шабака маҳдуд кардаанд.

Шабакаҳои Twitter, ВКонтакте ва WeChat ҳамроҳ бо TikTok барои риоя накардани қонуни мазкур масдуд шуда буданд. Шабакаҳои дигар ба ҷуз аз TikTok моҳи августи соли 2022 аз ин рӯйхат хориҷ шуда буданд.

Созмони ғайридавлатии Freedom House, ки ба мониторинги демократия, озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон машғул аст, Узбекистонро аз рӯйхати кишварҳои дорои интернети озод хориҷ кардааст. Ба бовари коршиносони созмон, сарфи назар аз бархе ислоҳоти президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ин кишвар ҳамоно худкома боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG