Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Турдиев, қудои Қамчӣ Колбоев ду моҳ ҳабс шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Рустам Турдиевро то 4-уми декабри имсол ба ҳабс гирифтааст. Расонаҳо навиштаанд, ӯ қудои Қамчӣ Колбоев, соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноии Қирғизистон аст.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳ гуфтанд, қарори ҳабси Турдиев 7 октябр бо дархости Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон содир шудааст. Рустам Турдиев кай боздошт ва ба чи гумонбар мешавад, маълум нест.

Мақомот то ҳол боздошти ӯро шарҳ надодаанд.

Баъзе аз расонаҳо хабар додаанд, ки Рустам Турдиев қудои соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноии Қирғизистон Қамчӣ Колбоев аст ва дар ташкили "гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ё иштирок дар фаъолияти он" муттаҳам мешавад.

Турдиев падари Руслан Рустамов аст, ки соли 2021 бо духтари Колбоев – Эркайим Колбоева издивоҷ карда буд.

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4-уми октябр дар ҷараёни амалиёти махсус дар шаҳри Бишкек кушта шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дод. Вакилаш ҳарфҳои мақомотро зери шубҳа бурд.

Иёлоти Муттаҳида соли 2012 Қамчӣ Колбоевро ба унвони яке аз қочоқбарони калони маводи мухаддир дар паҳнои Шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

XS
SM
MD
LG