Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори қазоқ Амонкелдӣ Батирбеков дубора ҳабс шуд


Амонкелдӣ Батирбеков
Амонкелдӣ Батирбеков

Сармуҳаррири нашрияи "Сариағаш инфо"-и вилояти Туркистони Қазоқистон Амонкелдӣ Батирбеков бо ҷурми “туҳмат” дубора 20 шабонарӯз ҳабс шудааст.

Қарорро Додгоҳи ноҳияи Сариағаши Туркистон 9 октябр бар асоси шикояти сардори шуъбаи Кумитаи омори ҳуқуқӣ ва баҳисобгирии махсуси Додситонии кулли Қазоқистон дар шаҳри Чимкент содир кардааст.

Амонкелдӣ Батирбеков аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Батирбеков гуфт, ӯро худсарона ҳабс карданд. “Ман ҳатман аз болои ин қарор шикоят мебарам”, - изҳор дошт ӯ.

Сармуҳаррири нашрияи "Сариағаш инфо" 3 июли имсол низ 20 шабонарӯз ҳабс шуда буд. Додгоҳ он замон низ Батирбековро дар туҳмат кардани як вакили маҷлиси маҳаллӣ айбдор донист. Вале рӯзноманигор ин иттиҳомро рад карда буд.

Муҳаррири нашрияи "Сариағаш инфо" Амонкелдӣ Батирбеков 23 сентябри соли 2019 бо айби таҳқиру туҳмати мансабдори маҳаллӣ ҳабс шуда буд. Додгоҳ ӯро ҳамчунин дар пардохти наздики 5300 доллар ҷуброни маънавӣ вазифадор кард. Рӯзноманигор айбҳои эъломшударо рад кард. Вай гуфт, ба хотири матлабҳои танқидиаш таъқиб мешавад.

XS
SM
MD
LG