Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руминия 245 касро аз Исроил берун баровард


Руминия бо чаҳор ҳавопаймо 245 шаҳрвандашро аз Исроил берун баровард. Қисме аз онҳо зоирон ҳастанд.

Вазири корҳои хориҷии Руминия рӯзи 9-уми октябр гуфт, ду ҳавопаймо ба ширкати миллии “Таром” тааллуқ дошта, ду ҳавопаймо хусусист.

Ба қавли Луминита Одобеску, дар ду рӯзи охир дар маҷмуъ 800 руминӣ Исроилро тарк карданд. Тақрибан ҳамин миқдор дар онҷо мондаанд.

Мақомоти Маҷористон (Венгрия) гуфтанд, ки 325 нафар, аз ҷумла баъзе аз шаҳрвандони Исроил, Шветсия, Австрия, Олмон, Бритониё ва Португалияро аз Исроил берун оварданд.

XS
SM
MD
LG