Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти молики бозори "Мадина" дар Бишкек


Бозори "Мадина"-и Бишкек.
Бозори "Мадина"-и Бишкек.

Вакили собиқи порлумони Қирғизистон ва молики бозори "Мадина"-и шаҳри Бишкек Турсунтой Салимов боздошт шудааст.

Намояндаи соҳибкор Нурлан Ибраимов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Салимовро 7-уми октябр дастгир карданд.

Расонаҳо бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон иттилоъ доданд, ки алайҳи соҳибкор бар асоси банди "Ташкили гуруҳи муташаккил ё иштирок дар фаъолияти он" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Намояндаи соҳибкор афзуд, ки феълан наметавонад парвандаи Салимовро шарҳ диҳад. Мақомот низ боздошти вакили пешинро шарҳ надодаанд.

Турсунтойи 67-сола вакили порлумони Қирғизистон, даъвати панҷум буд. Вай дар солҳои 90-ум бозори "Мадина"-ро дар Бишкек таъсис дод. Гуфта мешавад, ӯ қудои "раҳбари олами ҷиноӣ" Қамчӣ Колбоев аст. Охирӣ 4-уми октябр дар натиҷаи як амалиёт дар Қирғизистон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG