Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров хоҳони лағви интихоботи Русия шуд


Рамазон Қодиров ва Владимир Путин
Рамазон Қодиров ва Владимир Путин

Раҳбари Чеченистон хост, интихоботи навбатии президентиро дар Русия бекор кунанд. Интихобот бояд моҳи марти соли 2024 баргузор шавад.

Рамазон (Рамзан) Қодиров рӯзи 7-уми октябр дар гирдиҳамоие бахшида ба рӯзи таваллуди Владимир Путин дар Грозний гуфт, "дар давраи амалиёти махсуси низомӣ (мақомоти Русия ҳамларо ба Украина чунин меноманд) набояд дар бораи интихоботи президентӣ дар Русия сухане бошад."

Вай дар Телеграм низ навишт, ки "бисёре аз кишварҳои ғайридӯст аз чунин маъракаи бузург барои иғвогарӣ истифода хоҳанд бурд."

Қодиров ҳамчун намуна пешниҳод кардааст, ки интихобот дар Русия бо иштироки танҳо як номзад – Владимир Путин – баргузор гардад.

Путин аз соли 2000 ба ин сӯ ҷилави қудратро дар Русия ба даст дорад.

Бар асоси ислоҳоте, ки тобистони соли 2020 ба Қонуни асосӣ дароварданд, ӯ метавонад то соли 2036 дар қудрат бимонад.

XS
SM
MD
LG