Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти донишманди тоҷик Муртазо Зайниддинзода


Муртазо Зайниддинзода, номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сини 65-солагӣ даргузашт.

Шогирдону ҳамкоронаш бо ҳамдардӣ аз марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки қалби ин олими тоҷик бегоҳии 5-уми октябр дар беморхонаи маъруф ба "Медгородок" аз тапидан бозмонд.

Маросими ҷанозаи Муртазо Зайниддинзода, имрӯз, 6-уми октябр дар зодгоҳаш шаҳри Исфара баргузор мешавад.

Дар бораи сабаби марги ӯ расман чизе гуфта нашудааст. Ҳафиз Раҳмон, яке аз ҳамкорони Муртазо Зайниддинзода дар саҳифаи фесбукии худ навиштааст, ки "рӯзи сешанбеи 3-юми октябр ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи забон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллӣ баргузор шуд, ки устод Зайниддинзода дар он ҳозир нашуданд.."

Ба гуфтаи Ҳафиз Раҳмон, одатан, он кас чунин чорабиниҳоро сарфи назар намекарданд ва баъдан маълум шуд, ки вазъи саломатиаш чандон хуб набудааст.

Муртазо Зайниддинзода 3-юми декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара таваллуд шуда, соли 1981 факултети филологияи тоҷики ДМТ, соли 1987 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзуи "Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX" дифоъ намудааст.

Муртазо Зайниддинов дар вазифаҳои гуногуни бахши илму маориф кору фаъолият намудааст. Аз ҷумла, солҳои 2008-2011 декани факултети журналистикаи ДМТ, аз соли 2013 то 2022 мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ин донишгоҳ буд.

Муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад.

Ӯ бо чандин нишону мукофотҳо, аз ҷумла, «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ордени дӯстӣ» сазовор гардидааст.

XS
SM
MD
LG