Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз оғози ҳамлаи Русия 26 ҳазор украинӣ бедарак шудаанд


Херсон, Украина
Херсон, Украина

Як мансабдори баландпояи Украина гуфт, аз замони таҷовузи Русия ба хоки ин кишвар 26 ҳазор нафар гум шудаанд.

Ба қавли Леонид Тимченко, муовини вазири корҳои дохилии Украина, "11 ҳазори онҳо ғайринизомӣ ҳастанд".

"Тақрибан 15 ҳазори дигар шахсони низомӣ мебошанд. Ҷустуҷӯйи онҳо идома дорад," -- гуфт Тимченко рӯзи 5-уми октябр ба телевизиони давлатӣ.

Ҳукумати Украина моҳи сентябри имсол салоҳияти ҷустуҷӯйи шахсони гумшударо ба Вазорати корҳои дохилӣ дод.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG