Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қамчӣ Колбоев дар амалиёти махсус кушта шуд


Қамчӣ Колбоев. Акс аз соли 2020
Қамчӣ Колбоев. Акс аз соли 2020

Дар ҷараёни амалиёти махсус дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон соҳибнуфузи ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев кушта шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дод.

КДАМ мегӯяд, дар ин ҳодиса кормандони мақомот ва шаҳрвандони мулкӣ зиён надидаанд.

Додситонии кулли Қирғизистон Қурмонқул Зулушев ва вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев дар ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон моҳи октябри соли 2020 хабар доданд, ки Колбоев дар доираи парвандаи "Ташкили созмони ҷиноӣ ва ё иштирок дар он" боздошт шудааст. Ӯро 2-юми марти соли 2021 ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо карда буданд.

Иёлоти Муттаҳида соли 2012 Қамчӣ Колбоевро ба унвони яке аз қочоқбарони калони маводи мухаддир дар паҳнои Шӯравии пешин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

XS
SM
MD
LG