Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон омода аст, гази Русияро ба Узбекистон интиқол диҳад


Алмасадам Саткалиев, вазири энержии Қазоқистон
Алмасадам Саткалиев, вазири энержии Қазоқистон

Вазири энержии Қазоқистон рӯзи 4-уми октябр гуфт, ки Қазоқистон тасмим дорад, интиқоли гази Русияро ба Узбекистон то охири моҳи октябр сар кунад.

Алмасадам Саткалиев гуфт, интиқоли газ баъд аз поёни таъмир оғоз мешавад.

Мақомоти Қазоқистон моҳи августи имсол гуфта буданд, ки бо ширкати "Газпром"-и Русия барои интиқоли газ ба Узбекистон шартнома баста шудааст. Бино бар ин, омодагиҳо барои интиқоли газ бояд 1-уми октябр ба анҷом мерасид.

Дар Узбекистон низ тобистони имсол хабар дода буданд, ки воридоти гази Русияро якуми октябри оғоз мекунанд ва дар рӯз 9 миллион метри мукааб газ хоҳанд харид.

XS
SM
MD
LG