Пашинян рӯзи 28-уми сентябр дар ҷаласаи ҳукумати Арманистон гуфт, "ин як амали мустақими поккории қавмӣ ва маҳрумсозӣ аз зодгоҳ аст. Ҷониби Арманистон дер боз ҷомеаи ҷаҳониро аз он ҳушдор додааст". Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки даст ба иқдоми ҷиддӣ бизананд.
"Изҳороти бозигарони гуногуни байнулмилалӣ, ки поксозии қавмӣ дар Қаробоғи Куҳиро маҳкум мекунанд, муҳим аст. Агар иқдоми мушаххасро дар пай надошта бошанд, ин изҳорот ҳамчун эҷоди омори ахлоқӣ барои таърих маҳсуб хоҳанд шуд", - илова кардааст Пашинян.
Сухангӯйи сарвазири Арманистон Назелӣ Багдасарян гуфт, то 28-уми сентябр беш аз 66 ҳазор сокини Қаробоғи Куҳӣ ба ин кишвар рафтаанд, ки беш аз ними аҳолии минтақаро ташкил медиҳанд.
Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон мақомоти армании ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки беш аз 30 сол боз вуҷуд дошт, ба Боку таслим шуданд. Президенти ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Куҳӣ фармони барҳам хӯрдани ҷумҳуриро аз 1-уми январи соли 2024 имзо кард.