Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши парвандаи Марат Жиланбоев ба поён расидааст


Марат Жиланбоев
Марат Жиланбоев

Тафтиши парвандаи раиси ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!" Марат Жиланбоев ба поён расидааст.

Тафтиши парвандаи Марат Жиланбоев ба поён расидааст

Тафтиши парвандаи раиси ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!" Марат Жиланбоев ба поён расидааст.

"Парванда дар ҳоли ҳозир дар додситонӣ аст. Додситон бояд қарори фиристодани онро ба додгоҳ қабул кунад", - хабар дод вакили дифои мухолифи қазоқ Мейржан Доскараев.

Марат Жиланбоеви 60-сола дар солҳои охир мақомоти Қазоқистонро танқид ва дар эътирозҳо иштирок мекард.

Ҳоло нисбат ба ӯ бар асоси ду банд, аз ҷумла "Ташкил ва иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динии мамнуъ" парванда боз шудааст.

Дар маводи парванда омадааст, ки Жиланбоев гуё бо Мухтор Аблязов, раҳбари ҳаракати дар Қазоқистон мамнӯи "Интихоби демократӣ" тамос дорад. Худи Жиланбоев иттиҳомро қотеъона рад кард.

XS
SM
MD
LG