Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Узбекистон Мавҷуда Мирзоеваро маҳкум кард


Мавҷуда Мирзоева
Мавҷуда Мирзоева

Додгоҳе дар Узбекистон сухангӯйи пешини Вазорати шуғли аҳолии он кишвар Мавҷуда Мирзоеваро панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ ба туҳмат, таҳқир ва тамаъҷӯӣ муттаҳам аст.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, Мирзоева ҳамчунин аз ҳаққи рӯзноманигорӣ ва блогерӣ ба муҳлати се сол маҳрум гашт.

Додситон ба Мавҷуда Мирзоева 6 сол зиндон талаб карда буд.

Баррасии парвандаи рӯзноманигорони "Kompromatuzb" дар Телеграм, ки Мирзоева яке аз онҳост, 18-уми июли имсол дар Додгоҳи Шайхонтоҳур пушти дарҳои баста оғоз шуд.

Хабаргузории "Kun.uz" он замон хабар дода буд, ки парванда бо дархости гумонбарон пушти дарҳои баста мегузарад.

Дар доираи парванда 19 кас ҷабрдида ва 10 нафар даъвогар эътироф гаштанд. Зарари расида 5,14 миллиард сӯми узбекӣ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG