Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як моҳ – даҳ генерали дигар дар Тоҷикистон


Ҳар сол ба намояндагони идораҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон рутбаҳои баланд, аз ҷумла генералӣ медиҳанд
Ҳар сол ба намояндагони идораҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон рутбаҳои баланд, аз ҷумла генералӣ медиҳанд

Танҳо дар моҳи сентябри имсол дар Тоҷикистон даҳ кас рутбаи генералӣ гирифт.

Фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 7-уми сентябр имзо шудааст. Радиои Озодӣ нусхаашро 24-уми сентябр дид.

Бино ба он, дар Оҷонси мубориза бо коррупсия се генерал зиёд шуд. Сардори раёсати молӣ ва хоҷагӣ Фазлиддин Хоҷазода; сардори раёсати фаврии махсус Абдураҳмон Давлатзода ва сардори раёсати Оҷонсӣ дар ВМКБ Зоир Ғафурзода генерал-майори адлия гардиданд.

Ба Икром Зоирзода, додситони ҳарбӣ ва муовини додситони кулли Тоҷикистон низ айни рутбаро додаанд.

Дар Вазорати мудофиа чаҳор полковник генерал шуданд: Ҳусейн Шокирзода, фармондеҳи нерӯҳои мобилӣ; Аминҷон Амонуллозода, комиссари низомии шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ; Давлатшо Мирзозода, комиссари низомии Суғд ва Абдулмуъмин Давлатзода, ноиби аввали сардори Ташкилоти мададгори мудофиа.

Бахтиёр Назарзода, сардори раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ВКД ва Файзулло Нозимзода, сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон низ генерал шудаанд.

Ҳар сол дар остонаи идҳои муҳиме чун рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ба намояндагони идораҳои интизомӣ ва қудратӣ рутбаҳои баланд, аз ҷумла генералӣ медиҳанд.

Теъдоди умумии генералҳо дар кишвар маълум нест. Дар гузашта матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ Тоҷикистонро кишваре тасвир кардаанд, ки гузаштаи кӯтоҳи низомӣ, аммо генералҳои зиёд дорад.

Мақомоти Тоҷикистон тақдими унвонҳоро “қадршиносӣ” медонанд. Баъзе аз намояндагони мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки рутбаи генералиро на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки рамзӣ ва бар асоси хидмату садоқаташон ба режим медиҳад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, бархе аз генералҳо умуман аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ нагузаштаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG