Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Генералҳои тоҷик либоси худро дар Маскав фармоиш медиҳанд"


Ба зудӣ милисаҳои Тоҷикистон бо либоси нав дар маҳзари ом зоҳир хоҳанд шуд. Вазорати корҳои дохилӣ ним сол пеш барои интихоби шакли нави либоси кормандонаш миёни тарроҳон ва ширкатҳои либосдӯзӣ озмун эълон кардааст. Дар вазорат рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, интизор меравад, моҳи марти имсол намунаи ниҳоии либоси милисаҳоро президент Эмомалӣ Раҳмон интихоб кунад. Ҳоло намунаи либоси милисаҳоро ошкор намекунанд.

  • Либоси кормандони мақомоти қудратӣ асосан аз ҳисоби будҷаи давлат харида мешавад. Аммо, афсарони баландрутба, аз ҷумла генералҳо либоси ҳарбии худро ба таври инфиродӣ фармоиш медиҳанд ва корхонаҳои алоҳида ва дӯзандагони моҳир либоси онҳоро омода месозанд.
Хайёти рус мегӯяд, либоси низомиёни тоҷик ба ҷуз аз чанд унсур – тугмаҳо, кокорда (тамғаи дар миёни сарпӯши ҳарбиён) ва шеврон аз либоси ниёзомиёни рус фарқи зиёд надорад

"Фуражка"-и генералҳоро дар Тоҷикистон омода мекунанд"

Як соҳибкори тоҷик аз вилояти Суғд гуфт, коргоҳи ӯ барои низомиёни баландрутба, аз ҷумла генералҳо, танҳо сарпӯш ё "фуражка" тайёр мекунад. Ин соҳибкор, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, онҳо бештар барои низомиёни қаторӣ ва афсарон либос медӯзанд. "Аммо генералҳо барои худ дар ширкатҳои дӯзандагии хориҷӣ либос фармоиш медиҳанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Кандукови мо дар робита ба ин мавзӯъ, нишон дод, ки генералҳои тоҷик бештар ба кутюреҳои Русия, Қазоқистон ва Беларус барои худ либоси низомӣ фармоиш медиҳанд.

Чаҳор ҷуфт либос барои як генерал

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, генералҳо ба камияш чаҳор ҷуфт либоси расмии низомӣ доранд. Аз ҷумла, либоси рӯзмарра, либос барои роҳпаймоии ҳарбӣ ва либоси идона, ки аз болопӯши хокистарранги рӯшан ва шими монанд ба мавҷи баҳр иборат будааст. Генералҳо бо ин ҷуфти либос ба ҷашну маросим ва театру тарабхона рафта метавонанд.

Ҷуфти чаҳоруми либоси генералӣ – либоси саҳроӣ аст, ки ҳангоми гузарондани тамринҳои низомӣ ваё амалиёт ба тан мекунанд. Дар пайи ҷустуҷӯ, ширкати дӯзандагиеро бо номи "Лили ким" дар шаҳри Маскав низ пайдо кардем, ки бисёре аз генералҳои тоҷик дар он ҷо барои худ либос фармоиш медодаанд.

Олег Петров, раиси ширкат, ки шахсан барои дӯхтан либос аз генералҳо андоза мегирад, гуфт, барои таҳияи пурраи либосҳо ӯ ва кормандонашро зарур меояд дастикам ду дафъа ба Душанбе сафар кунанд.

"Аз Русия меоянд, то андозаи генералҳоро бигиранд"

"Вақте генерале барои таҳияи либос фармоиш медиҳад, билети ҳавопайморо низ мехарад, то мо ба Душанбе равем. Андозаи либоси генералро мегираму бармегардам. Дар ин ҷо пораҳои либос, тана, остинҳоро тайёр мекунем ва устои асосии мо боз ба Душанбе рафта, дар бадани соҳибаш онро чен мекунад. Пас аз ин, либосро дар Маскав дӯхта, дар шакли тайёр ба соҳибаш мефиристем", - шарҳ дод ӯ.

Петров мегӯяд, муштариёни асосии онҳо генералҳо ҳастанд ва афзуд, нархи либоси рӯзмарраи генералӣ аз 100 ҳазор рублӣ русӣ (тақрибан 1500 доллар) оғоз шуда, метавонад то ба 250 ҳазор рубл ҳам бирасад.

Аммо харҷи либоси генералӣ танҳо бо ин анҷом намеёбад ва фармоишгар хароҷоти билети рафту бозгашти хайётонро аз Маскав ба Душанбе, пули сафари хидматӣ ва меҳмонхонаро низ бояд аз ҷайби худ бидиҳад. Бо назардошти ин ҳама хароҷот, як гардероби генералӣ метавонад ҳазорҳо доллар харҷ дошта бошад.

Олег Петров гуфт, матоъ ва риштаҳое, ки бо он либоси генералӣ дӯхта мешаванд, оддӣ нест. "Гуле, ки дар остин ва гиребони генералҳо дӯхта шудааст, то 3 дар сад тило дорад", - афзуд ӯ.

"Генералҳои тоҷик чандон нодор нестанд"

Ин хайёти рус мегӯяд, либоси низомиёни тоҷик ба ҷуз аз чанд унсур – тугмаҳо, кокорда (тамғаи дар миёни сарпӯши ҳарбиён) ва шеврон аз либоси ниёзомиёни рус фарқи зиёд надорад. Петров гуфт, бинобар мушоҳидаҳояш, генералҳои тоҷик чандон нодор нестанд ва ҳаққи заҳмати ӯву ҳамкоронашро бо камоли майл ва иззату эҳтиром пардохт мекунанд.

Тоҷикистон, ки артиши мустақили худро 26 сол қабл таъсис дод, дар оғоз, ба гуфтаи президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳатто як генерал надошт. Моҳи августи соли 2018 раиси ҷумҳур эълон кард, ки айни замон танҳо дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ 45 генерал аст.

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG