Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Генерал Гадоев дар ҷустуҷӯи байналмилалист, ӯ ғоибона 28 сол зиндонӣ шуд"


Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Генерал Файзулло Гадоев, сардори пешини раёсати мубориза зидди маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз таҳти ҷустуҷӯи байналмилалист. Мақомот аз кишварҳои хориҷӣ дархост кардаанд, ки дар сурати дастгир кардани Гадоев ӯро ба Душанбе таслим кунанд.

  • Файзулло Гадоев бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, пулшӯӣ, сӯиистифода аз мансаб ва ришватгирӣ айбдор ва ғоибона ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми ӯро Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябри имсол ғоибона содир кард.
Шарт аст, ки дастгир кунанд, баъд ҳамаатон пуштибон мешавед. Оё ягон каси шумо надид? Дар сатҳҳои баланд!

"Аз рутбаи генералӣ маҳрум шуд"

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ӯро ғоибона маҳкум карданд, чун қонун иҷозат медиҳад. Аммо кофтукобаш ҳанӯз идома дорад.”

Бар асоси Кодекси мурофиавии ҷиноии Тоҷикистон дар ҳолатҳои истисноӣ додгоҳ метавонад парвандаро бе иштироки муттаҳам баррасӣ намояд. Агар ин нафар дар ҳудуди кишвари хориҷӣ бо ҷиноятҳои ҳамсон ба ҷавобгарӣ кашида нашуда бошад.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Дар ҳоли ҳозир нуқтаи назари наздикони Файзулло Гадоев дастрас нест. Инчунин, ҷузъиёти парванда ва мурофиаи ӯ ошкор карда нашудааст. Аммо бино ба иттилои кӯтоҳе, ки мақомот расман нашр карданд, ҳамаи амволи Файзулло Гадоев ба нафъи давлат мусодира мегардад. Ҳамзамон Гадоевро аз рутбаи “генерал-майори милиса” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳрум карда, бо фармони вазири умури дохилӣ ҳамаи медал ва нишонҳои сарисинагии ӯро аз эътибор соқит донистанд.

Барканорӣ бо "сабаби ба кори дигар гузаштан"

Файзулло Гадоев соли 1959 дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон таваллуд шуда, аз соли 2002 то 2007 сардори раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Тоҷикистон буд. Соли 2007 бо "сабаби ба кори дигар гузаштан" аз мақом озод шуд.

Дар сомонаи идораи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Файзулло Гадоев ба ҳайси мутахассиси содиқ ба касб муаррифӣ шудааст. Бино ба иттилое, ки дар ин пойгоҳ дастрас аст, Гадоев солҳои ҳаштодум Донишгоҳи миллӣ ва сипас дар соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Гуфта мешавад, ӯ забонҳои тоҷикиву русӣ, узбекӣ ва арабиро медонад ва давраҳои омодагии касбиро дар Туркияву Олмон, Лаҳистон, Маҷористон ва Амрико гузаштааст.

Тибқи иттилои мақомот, Файзулло Гадоев як сол аст, ки таҳти пайгард қарор дорад. Гадоев танҳо мансабдоре нест, ки бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам дониста мешавад. Солҳои гузашта чанд мақомдор барои даст доштан ё кумак барои интиқоли маводи мухаддир зиндонӣ шуда буданд.

"Оё ягон каси шумо надид?"

Аз ҷумла, соли 2015 се мансабдор барои ҳамкорӣ бо гуруҳи нашъаҷаллоб боздошт шуда буданд. Ҳарчанд исми ин нафарон пӯшида монд, гуфта мешуд, ки онҳо талош карданд бо сӯиистифода аз мансаб барои интиқоли маводи мухаддир ба Русия мусоидат кунанд. Пеш аз ин, соли 2011 як гуруҳи иборат аз кормандони мақомоти қудратӣ боздошт шуданд, ки дар интиқоли маводи мухаддир гунаҳкор дониста мешуданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон генерал Файзулло Гадоевро ғоибона ба 28 сол зиндонӣ кард
Додгоҳи олии Тоҷикистон генерал Файзулло Гадоевро ғоибона ба 28 сол зиндонӣ кард

Дар миёни онҳо Зафар Мирзоев, сардори собиқи раёсати мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохилӣ, Тоҳир Шеров, сардори собиқи раёсати умури дохилии Душанбе ва чанд афсари собиқи милиса шомил буданд. Ошкор шудани дасти чанд корманди мақомоти интизомӣ дар қочоқи маводи мухаддир соли 2012 вокунишҳои ҷиддеро дар пай дошт.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳамон солааш ба порлумон дар ин бора гуфта буд: “Шарт аст, ки дастгир кунанд, баъд ҳамаатон пуштибон мешавед. Оё ягон каси шумо надид? Дар сатҳҳои баланд! Вақте худи корманди Оҷонси маводи мухаддир даст ба контрабанда задааст. Вақте худи корманди масъули милиса дар сатҳи олирутба, шӯъбаи махсусе ки бояд пеши роҳи қочоқи маводи мухаддирро бигирад, худаш даст мезанад. Ин бисёр ҳодисаи нанговар аст.”

Мақомоти тоҷик эътироф мекунанд, ки дар интиқоли маводи мухаддир баъзе аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ даст доранд.

Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии назорати маводи мухаддир дар нишасти ахири ниҳоди зертобеаш эътироф кард, ки бе мусоидати кормандони сохторҳои қудратӣ қочоқи маводи мухаддир аз тариқи Тоҷикистон ғайриимкон буд. Ба қавли Салимзода, дар миёни боздоштшудаҳо кормандони бахшҳои марзбонӣ, аз ҷумла фармондеҳони постгоҳҳо ва намояндагони ниҳодҳои дигари интизомӣ ҳастанд. Аммо раиси Оҷонсии маводи мухаддир омори дақиқи мансабдорони боздоштшуда бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддирро нагуфта буд.

"Вақте роҳи интиқоли маводи мухадирро медонад"

Коршиносон мегӯянд, даст доштани баъзе аз кормандони мақомоти интизомӣ дар интиқоли маводи мухаддир бояд сигнали ҷиддӣ барои ин ниҳодҳо бошад.

Фирӯз Муҳаммад, афсари мустаъфӣ, ки солҳо дар ниҳодҳои қудратӣ кор кардааст, гуфт, даст доштани баъзе "погондорҳо" дар интиқоли маводи мухаддир як тамоюли хатарбор ба ҳисоб меравад.

“Кормандоне, ки худ масъули мубориза бо маводи мухаддир ҳастанд, дар ҷараёни кор роҳҳои интиқолро ошкор ва ҳамин тавр онҳоро азхуд мекунанд. Хатараш ҳам дар он аст, ки вақте ин нафарон худ даст ба интиқоли маводи мухаддир мезананд, роҳҳои онро медонанд ва метавонанд миқдори бузурги маводи мухадирро ғайриқонунӣ интиқол диҳанд”, - гуфт ӯ.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, ин масъала бояд хеле ҷиддӣ гирифта шавад, чун дар ниҳоят кӯшишҳо барои коҳиши интиқоли маводи мухадирро хунсо ва ҳамин тавр ба обрӯи мақомот латма мезанад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG