Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо пора ҳабс карданд, бо ҷарима озод шуд. Ҷузъиёти парвандаи полковник


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт як мақоми вазорати умури дохилии Тоҷикистонро, ки дар гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон айбдор мешуд, баъди пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод кард.

Дар натиҷаи тафтишоти баъди боздошт ва дар паи як тасмими камназири додрас, моддаҳое, ки дар нисбати Ҷӯрахон Нусратуллозода дар оғоз нисбат дода мешуд, ба моддаи сабуктар табдил шуд. Ин ҳолат бо пардохти ҷарима озод шудани мақомдори собиқи полисро имконпазир кард. Ҳолате, ки хеле кам рӯй медиҳад.

Муфаттишон зери хилъати духтур пинҳон буданд

Талаби 20 ҳазор доллар дар шароити имрузи Тоҷикистон нобахшиданист

Ҷӯрахон Нусратуллозода, муовини сардори шуъбаи раёсати корҳои дохилии ВКД Тоҷикистон дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро дар як амалиёт кормандони оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 8 август дар беморхонаи “Истиқлол” боздошт карданд. Ба ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар аз ҷониби Нусратуллозода, кормандони тафтишот зери хилъатҳои сафеди духтурӣ пинҳон шуданд.

Ин саҳна дар барномаҳои телевизиони давлатӣ ҳам намоиш дода шуд. Вале рӯзи 19 октябр додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ баъди аз ҷониби Нусратуллозода пардохт шудани ҷарима дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ, тибқи моддаи 49 Кодекси ҷиноӣ аз ҷавобгарӣ озод карда шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сардори шуъбаи Раёсати мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир полковник Нусратуллозодда баъди собит шудани амали пораситонӣ аз системаи ВКД ихроҷ кард.

Бемористони "Истиқлол"
Бемористони "Истиқлол"

Парвандаи Ҷурахон Нусратуллозодаро Оҷонсии зидди коррупсия бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ “гирифтани пора” ва “суиқасди ҷиноят” таҳқиқ карда ба додгоҳи Фирдавсӣ ирсол намуд, аммо додгоҳи Фирдавсӣ дар ниҳоят ӯро бо моддаи 247, яъне “қаллобӣ” мутаҳам намуд, ки роҳи ӯро баъди пардохти ҷарима ба озодӣ боз кард.

Шарҳи додрас: Фурсати сарфи маблағро надошт

Музаффар Абдуллозода, раиси суди Фирдавсии пойтахт дар суҳбати ҳузурӣ дар утоқи кориаш рӯзи 24 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, афсари Вазорати корҳои дохилӣ Ҷурахон Нусратуллозода маблағи пора - 19 ҳазору 800 долларро фурсати харҷ кардан наёфт ва боздошт шуд. Ӯ гуфт, ки ба хотири пардохти маблағи ҷабрдидаҳо ӯ бо додани ҷарима озод шуд.

Акси баъди боздошти Ҷӯрахон Нусратуллозода аз вебсайти anticorruption.tj
Акси баъди боздошти Ҷӯрахон Нусратуллозода аз вебсайти anticorruption.tj

Музаффар Абдуллозода, раиси додгоҳи Фирдавсӣ гуфт, дар ҳақиқат аз тарафи Оҷонсии зидди коррупсия парвандаи Ҷурахон Нусратуллозода бо ду ҷурм - “гирифтани пора” ва “суиқасди ҷиноят” ба додгоҳ ворид шуд, вале дар вақти таҳқиқи ҳамаҷонибаи амали полковники ВКД маълум шуд, ки вай бо қаллобӣ (моддаи 247) дар ҳаҷми махсусан калон даст задааст ва, ба гуфтаи раиси додгоҳ, муҳим ин аст, ки маблағи ҷабрдидаҳо баргардонида шавад:

“Зеро Ҷурахон Нусратуллозода лаҳзае боздошт шуд, ки вай маблағро аз ду сокин дар утоқи бемористони беморхонаи “Истиқлол” мегирифт ва ҳануз ин 19800 долларро сарф накарда буд”.

Вай гуфт, азбаски қонунгузорӣ имкон медиҳад, ки бар асоси моддаи 49, яъне “ҷарима” фарде, ки бо “қаллобӣ” муттаҳам шудааст, тавони пардохти зарари ҷабрдидаро дорад, аз ҷавобгарӣ озод мекунад: “Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, ки агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад”.

ВКД полковникро ихроҷ кард

Умарҷони Эмомалӣ, сухангуи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рузи 24 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат муовини сардори шӯъбаи Раёсати мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир Ҷурахон Нусратуллозода аз системаи Вазорати корҳои дохили хориҷ карда шуд.

Вай гуфт, вақте ки гуноҳи Ҷурахон Нусратуллозода ҳамчун афсари ВКД дар гирифтани пора собит шуд ва эътироф кард, бар асоси шароити вазорати корҳои дихилӣ дигар ҳаққи дар ин система фаъолият карданро надорад ва ронда шуд.

Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд ду нафар сокини Душанбе, ки аз хонаводаи камбизоат ба шумор меоянд, барои аз ҷиноят озод намудани фарзандашон ба Ҷурахон Нусратуллозода ҳамчун муовини сардори Шуъбаи РКДи ВКД дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир муроҷиат карданд. Полковник Нусратуллозода дар ивази “хизмат” 20 ҳазор доллар талаб кардааст.

Кормандони Оҷонсии зидди коррупсия баъди аризаи ин ду сокини шаҳри Душанбе ба ин Оҷонсӣ дар аввали моҳи августи соли равон бо либоси сафеди пизишкӣ вориди бемористони “Истиқлол” ба ”макони” гирифтани пора ворид шуда, полковники Вазорати корҳои дохилиро ғофилгир карданд.

Бар асоси ҳалномаи ҳукми додгоҳ, Фирдавсӣ Нусратуллозода ҳамчунин 5 сол аз ишғоли вазифаҳои масъул маҳрум карда шудааст.

Ҳуқуқшиносон: Ҳукм мебоист мебоист одилонатар мебуд

Мақомот мегӯянд, ки Нусратуллозода озод шуда дар хонааш ба сар мебарад, вале талошҳои Радиои Озодӣ барои пайдо кардани худи ӯ бенатиҷа буд. Вале дар шарҳи полис гуфта шуд, ки ҳодисаи эҳтимолии гирифтани пора дар лаҳзаҳое рух дод, ки полковник машғули иҷрои масъулиятҳои кориаш набуд ва дар бемористон таҳти табобат қарор дошт.

Ҳуқуқшиносони мустақил мегӯянд, ки ҳолатҳои аз як моддаи сангин ба моддаи сабуктар иваз кардани парванда на дар ҳама ҳолатҳо имконпазир аст. Бо назардошти ҳукмҳои маъмулан сангини зиндони додгоҳҳои Тоҷикистон, танҳо дар ҳолатҳои кам додгоҳҳо ҳукмҳои сафед ва сабуккунанда содир мекунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, “ҳукме, ки дар нисбати афсари Вазорати корҳои доихилӣ гирифта шудааст, мебоист одилонатар мебуд. Чунин ҳолат фазоеро пеши назар меорад, ки судҳо таҳти таъсир ҳастанд ва зери фишор маҷбур мешаванд, моддаҳои Кодекси ҷиноиро мувофиқ гардонанд, дар ҳоле, ки вақте як кормандони собиқадори ин ниҳоди интизомӣ даст ба порагирӣ мезанад, бояд бо моддаҳои вазнин айбдор мешуд ва муҷозот мешуд, то ин ки дигар масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба чунин амали зишт даст назананд. Талаби 20 ҳазор доллар дар шароити имрузи Тоҷикистон нобахшиданист”.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилал ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG