Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи махфигоҳи нашъа: Ду корманди полис гумонбар шудаанд


Акс аз бойгонӣ аст

Мақомоти интизомӣ дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ду корманди пулис ва се сокини маҳаллиро барои пинҳон кардани маводи мухаддир дар як махфигоҳ ва кӯшиши интиқоли он ба ҷои дигар гумонбар медонанд.

Рӯзи 6-уми май зимни як амалиёт дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми берун кардани маводи мухаддир аз ин махфигоҳ як корманди милиса ва се

Аз махфигоҳ 15 бандчаи монанд ба маводи навъи “ҳашиш” ва як бандачаи монанд ба маводи “афюн” мусодира шуд.

сокини маҳаллӣ боздошт шуда, корманди дигари милиса аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон бо шарти ифшо нашудани исмаш ба Радиои Озодӣ гуфт, махфигоҳи мазкур чанд рӯз пеш кашф шуда, ба хотири боздошти соҳибонаш зери назорат қарор дошт.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин махфигоҳ дар ҳудуди ҷамоати Панҷоби Ҳамадонӣ, наздик ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 16 бандча маводи мухаддир нигаҳдорӣ мешуд. Ин манбаъ гуфт, ҳангоми гирифтани маводи мухадир ду сокини Кӯлоб ва як сокини Восеъ, бо шумули як корманди пулис боздошт шуд, вале як корманди пулис аз ҷойи ҳодиса фирор кард.

Ҳоло ба гуфтаи ин мақом, як сокини ноҳияи Восеъ ва ду сокинони шаҳри Кӯлоб ва М.Ё., майори милиса, сардори шуъбачаи минтақавии ҷамоати Хистварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нигаҳдори ва интиқоли маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд. С.Р., майори милитсия, ваколадори шӯъбаи кофтукоби ҷиноятии шуъбачаи минтақавии ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

То ҳол нисбат ба ин нафарон айб эълон нашудааст ва онҳо гумонбар дар ҷиноят дониста мешаванд. Миқдори дақиқи маводи мухаддир ҳанӯз эълон нашудааст, вале ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, аз ин махфигоҳ, 15 бандчаи монанд ба маводи навъи “ҳашиш” ва як бандачаи монанд ба маводи “афюн” мусодира шуд.

14 соли зиндон ба собиқ капитани милисаи Конибодом

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ин ҳодиса ва ширкати ду корманди милиса дар он изҳори бехабарӣ карданд. Ин аввалин ҳодисае нест, ки кормандони полис ҳангоми муомиилоти ғайриқонунии маводи мухадир аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ боздошт мешаванд. Охирҳои моҳи апрел додгоҳи вилояти Суғд Умед Аскаров, муовини собиқи сардори ШКД-и шаҳри Конибодомро бо иттиҳоми даст доштан дар муомилоти маводи мухаддир ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Капитан Умед Аскарови 39-сола моҳи апрели соли гузашта дар назди манзили зисташ дар ҳудуди ҷамоати Патари Конибодом боздошт шуд. Замони боздошт ӯ муовни сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Конибодом оид ба хизмат буд. Баррасии парвандаи ин корманди собиқи милиса дар ду зинаи додгоҳӣ бинобар норизоии пайвандонаш як сол тӯл кашида, дар охир ба 14 сол маҳкум ба зиндон шудааст.

Зимнан, ду корманди пулис ва се сокини минтақаи Кӯлоб дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳоле боздошт шуданд, ки тибқи иттилои расмӣ, дар се моҳи соли 2018 дар марз бо Афғонистон се қочоқбари маводи мухаддирро куштанд ва 10 нафари дигарро дастгир кардаанд. Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи 5-уми май бо нашри баёнияе гуфт, ки дар ин муддат посбонони марзи Тоҷикистону Афғонистон 7 маротиба бо қочоқбарон вориди даргирӣ шудаанд ва дар чанд амалиёти муштарак бо дигар мақомоти қудратӣ пеши роҳи қочоқи бештар аз 485 килограмм маводи мухаддиро гирифтаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG