Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Пашинян аз Русия ва созмоне, ки Душанбе зери чатраш аст


Никол Пашинян, 24-уми сентябри 2023
Никол Пашинян, 24-уми сентябри 2023

Сарвазири Арманистон дар робита ба қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи мавриди муноқишааш бо Озарбойҷон, бори дигар Русияро танқид кард.

Никол Пашинян рӯзи 24-уми сентябр дар паёме телевизионӣ гуфт, рӯйдодҳои охир "беҳосил" будани созмонҳои амниятиеро нишон дод, ки Арманистон узваш ҳаст.

Ишораи вай ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъист, ташкилоти низомии зери нуфузи Русия. Тоҷикистон ҳам узвияти ин созмонро дорад.

Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон мақомоти армании ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки беш аз 30 сол боз вуҷуд дошт, ба Боку таслим шуданд.

Интизор меравад, тамоми қаламрави ин минтақа зери назорати Озарбойҷон қарор гирад. Дар ҳоли ҳозир музокирот дар бораи тарзҳои мутобиқ гардондани ҷомеаи арманиҳои Қаробоғи Кӯҳӣ дар ҳудуди Озарбойҷон идома дорад.

Никол Пашинян изҳор дошт, ки Арманистон омода аст сокинони армании Қарабоғро бипазирад.

XS
SM
MD
LG