Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия содироти маводи сӯхтро маҳдуд кард 


Ҳукумати Русия аз рӯзи 21-уми сентябр барои содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) муваққатан маҳдудият ҷорӣ кард. Дар қароре, ки зераш нахуствазир Михаил Мишустин имзо кард омадааст, "маҳдудияти муваққатӣ имкон медиҳад, ки маҳсулот дар бозор фаровон шуда, нарх поён равад." 

Аммо дар қарор баъзе истисноҳо вуҷуд дорад. Аз ҷумла содироти сӯзишворӣ ба давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҳамчунин тариқи созишномаҳои байниҳукуматӣ манъ намешавад.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ, бахши асосии сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия ворид мекунад.

Зоҳиран маҳдудияти ҷорикардаи ҳукумати Русия ба Тоҷикистон дахл нахоҳад дошт. Аммо метавонад ғайримустақим яке аз сабабҳои боло рафтани нархи фуровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистон низ шавад.

XS
SM
MD
LG