Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW вазъи хушунати хонаводагиро дар Қирғизистон буҳронӣ гуфт


Созмони байналхалқии Human Rights Watch (HRW) аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки "масъалаи хушунати хонаводагиро ба дараҷаи дувум нагузоранд". Созмон ҳамчунин гуфт, ин масъала буҳронӣ шудааст.

Сабаби чунин изҳорот фоҷиае гардид, ки дар ноҳияи Сокулуки вилояти Чуйи Қирғизистон рух дод. Дар он деҳа марде ҳамсарашро корд зад.

"Ин ҳолат бори дигар нишон медиҳад, ки беамалии мақомот занонро дар хатар гузоштааст. Human Rights Watch ва дигар созмонҳо борҳо аз мақомоти Қирғизистон даъват карда буданд, ки хушунатҳои хонаводагиро таҳқиқ кунанд, аз фишор овардан ба касоне, ки аз зӯроварӣ зиён дидаанд, худдорӣ кунанд", - омадааст дар изҳорот.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, соли 2022 дар Қирғизистон 6 ҳазору 580 ҳолати хушунат сабт шудааст, ки аз он ҳамагӣ 2,7 ҳазораҳ то додгоҳ рафтааст.

XS
SM
MD
LG