Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Конибодом" дар сари сарбозон. Сержант панҷ сол зиндонӣ шуд. ВИДЕО


Мақомот мегӯянд, акс моҳи январи соли 2022 гирифта шудааст
Мақомот мегӯянд, акс моҳи январи соли 2022 гирифта шудааст

Як сержанти хурдро дар вилояти Суғд, ки дар сари 9 сарбоз номи зодгоҳаш, шаҳри Конибодомро навишта буд, ба панҷ сол зиндон маҳкум кардаанд.

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд Муҳриддин Исломови 29-сола ва соҳиби як фарзандро ба сӯистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ (қисми аввали моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор донист. Ҳукм рӯзи 18-уми сентябри имсол баромад.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Сарбози собиқро панҷ сол зиндонӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Бино ба санаде, ки Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми сентябр дастрас кард, додситон сержанти хурд Муҳриддин Исломовро ба нақзи қоидаҳои муносибат дар артиш муттаҳам кардааст.

Инчунин дар санад гуфта шудааст, ки "Муҳриддин Исломов ба кам кардани мӯйи сари нуҳ навсарбоз вазифадор шуда буд, аммо бо мақсади нишон додани бартарии ҷисмонии худ ... мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои К, О, Н, И, Б, О, Д, О, М тарошида, шаъну шарафашонро дар назди сарбозони дигар паст зад."

Муҳриддин Исломов изҳори пушаймонӣ кардааст
Муҳриддин Исломов изҳори пушаймонӣ кардааст

Худи Исломов дар сухани охиринаш дар толори додгоҳ гуфтааст, "пушаймон аст". Вакили мудофеъ низ бо такя ба хислатномаи хуби зерҳимояаш хоҳони баста шудани парванда шуд.

"Додрас Шоғуфрон Усмонзода ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ки паҳлӯҳои сабуккунандаи ҷазоро ба эътибор гирифт ва ҳукми худро баровард. Бар асоси он бояд Исломов панҷ солро дар зиндони низомаш умумӣ гузаронад," – хабар дод як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ.

Тобистони имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашру паҳн шуд, ки бо тарошидани қисми мӯйи сари нуҳ наваскар номи "Конибодом"-ро сохтаанд. Дар сари ҳар аскар якҳарфӣ. Ҳодиса дар қисми нерӯҳои марзбонии “Чоркӯҳ” дар Исфара шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, акс моҳи январи соли 2022 гирифта шуда, танҳо моҳи июни имсол ва пас аз хатми хидмати сержант М. Давлатов расонаӣ гардид. Дар ин қазия Муҳриддин Исломов аз Конибодом нақши куҳнасарбоз ва М.Давлатов аксбардорро бозидаанд.

Лаҳзаи эълони ҳукми афсар ва сарбозон
Лаҳзаи эълони ҳукми афсар ва сарбозон

Дар чанд моҳи охир ин мавриди дувуми ба ҷавобгарӣ кашидани сарбозони собиқ барои таҳқири наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон аст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи имсол як афсар ва ҳафт сарбози собиқро ба латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ гунаҳкор ва аз 9 то 11 сол зиндонӣ кард.

Онҳо дар охири моҳи апрели имсол ва дар пайи пахши навори латукӯби сарбозон дар як қисми марзбонӣ боздошт шуданд.

Меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон мушкили куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG