Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон фармони даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳро имзо кардааст


Дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳи кишвар моҳҳои май ва апрел сурат мегирад.
Дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳи кишвар моҳҳои май ва апрел сурат мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳро имзо кардааст, ки қарор аст, тақрибан ду ҳафта баъд, яъне 1-уми апрел оғоз шавад.

Бар асоси фармони мазкур, ки рӯзи 1-уми март имзо шудааст, мақомоти расмӣ вазифадоранд, ҷавонони аз 18 то 27-соларо, ки асоси қонуние барои озодӣ аз хидмат ва сабабе барои ба таъхир андохтани он надоранд, ба сафи неруҳои мусаллаҳ, аз ҷумла неруҳои марзбонӣ, неруҳои вазорати умури дохилӣ ва Гвардияи миллӣ ҷалб кунанд.

Даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола бо сару садо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ҷалби маҷбурӣ, ё ба истилоҳи русӣ “облава” олуда мешавад. Дар ин мавсим дар видеоҳо гоҳо дида мешавад, ки чӣ гуна маъмурони милиса ҷавононро ба зӯр ба мошин андохта мебаранд ва занон бо доду фарёд намегузоранд, ҷавонеро маъмурони милиса баранд.

Вазорати дифои Тоҷикистон ҳам рӯзи 17-уми март хабар дод, ки дар ин вазорат ҷаласаи ҷумҳурияӣ барои даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳ сурат гирифт ва зимни он “иштирокчиён даъвати тирамоҳии соли 2022-юмро натиҷагирӣ карда, вобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъвати шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.”

Вазорат аз мақомоти масъул ва бахусус комиссариатҳои низомии шаҳру ноҳияҳо хостааст, ки даъвати шаҳрвандон ба сафи неруҳои мусаллаҳ “мувофиқ ба меъёри қонунҳо роҳандозӣ шавад, то беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама нафарони рӯҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.” Ин зоҳиран ишорае ба гузоришҳо дар бораи ҷалби ҷавонони бемор ва гоҳо маъюб ба сафи артиши Тоҷикистон аст.

Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ ҳатмист ва барои саркашӣ аз он ҷазо пешбинӣ шудааст. Бар асоси қонун, агар ҷавони солим ва мутобиқ ба талаботи артиш аз хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон саркашӣ кунад, додгоҳ метавонад, ӯро ё ҷаримаи бузург банданд ва ё то 2 сол ба зиндон маҳкум кунад. Бино ба омори додситонии кулли Тоҷикистон, танҳо дар соли 2022 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, ё ҷарима бастаанд, ё паси панҷара андохтаанд.

Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад. Ҳукумати Тоҷикистон худаш гуфтааст, дар муддати 3 сол дар сафи неруҳои мусаллаҳ бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Дар як гузориши ҳукумат ба номи Созмони Милал ки ин низомиён дар солҳои 2019 то соли 2021 ҷон додаанд ва сабаби маргумири онҳо “риоят нашудани оинномаи низомӣ”, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва сӯистифодаи афсарон аз мақомашон аст.

Ҳукумат эътироф кардааст, ки бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад. Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд.

Иҷрои фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи оғози мавсими нави даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳ ва ба рухсат фиристодани онҳое, ки 2 соли расо хидмат кардаанд то моҳи май идома мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG