Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 сол зиндон барои куштори сарбозе дар артиши Тоҷикистон


Миралӣ Боқиев мехост баъди хатми хидмат дар артиш дар бахши роҳсозӣ кунад
Миралӣ Боқиев мехост баъди хатми хидмат дар артиш дар бахши роҳсозӣ кунад

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон сержанти қисми ҳарбии Ҳамадонӣ Сиддиқ Саъдулоевро дар марги сарбоз Миралӣ Боқиеви 20-сола айбдор дониста, ӯро  ба 13 соли зиндон маҳкум кард. 

Пайвандони сарбоз мегӯянд, алайҳи ду афсари қисми ҳарбии 0507-и ноҳияи Ҳамадонӣ ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд, ки, ба гуфтаи онҳо, натавонистанд пеши роҳи сержантро бигиранд, то ки фоҷеа сар назанад.

Рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ дар додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон гуфтанд, ки мурофиа дар қисми ҳарбӣ бо иштироки пайвандони сарбози фавтида ва фармондеҳону сарбозони қисми ҳарбӣ рузи 5-уми апрел сурат гирифт ва айбдоршаванда ба 13 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Маълум нест, Саъдуллоев дар додгоҳ ба ҳимояти худ чӣ гуфт.

Келдиёр Боқиев, падари сарбози фавтида Миралӣ Боқиев рӯзи 8 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбати ҳукми додгоҳ шикоят надорад, вале дар мавриди беҷазо мондани ду фармондеҳи қисми ҳарбӣ норозӣ аст.

“Мо, хешовандон - 10 нафар, дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат доштем. Хостем, ки пеш аз хондани ҳукм аз ду фармондеҳ суол диҳем, ки чаро дар вақти латту куби Миралӣ дар синфхона дар пеши чашми сарбозон пеши роҳи афсарро нагирифтанд. Додрас ин суолро ба ҳарду дод, аммо онҳо хомӯш монданд ва ҳеҷ ҳарфе назаданд", - мегӯяд Келдиёр Боқиев.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки айбдоршаванда ба 14 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шавад.

Қаблан Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Муайян гардид, ки командири зинаи аввал, сержанти хурд, Боқиевро латукӯб кардааст. Ду зарба задааст. Як зарба ба дил мерасад ва сарбоз вафот мекунад. Ҳоло вобаста ба ин ҳолат бо моддаи “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, ки боиси марг гардидаааст” парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, гумонбар ба ҳабс гирифта шуд.”

Онҳо мегӯянд, сарбози фавтида моҳи майи соли гузашта аз Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ба артиш фиристода шуда, то рӯзи фавт дар дидбонгоҳи марзии ноҳияи Фархор хидмат мекард. Ӯ шаби 17-уми январ фавтида, ҷасадашро 19-уми январ дар наҳияи Панҷакент дафн кардаанд.

Келдиёр Боқиев - падари сарбози фавтида гуфт, Миралӣ мехост муҳандиси роҳ шавад ва дар омӯзишгоҳи роҳсозӣ таҳсил мекарду аз ҳамон омӯзишгоҳ ӯро ба артиш бурданд. Ба гуфтаи падар, нияти Миралӣ ин буд, ки баргашта боз таҳсилашро идома медиҳад, вале ба ин фоҷиа рӯ ба рӯ шуд. Миралӣ фарзандии хурдии Келдиёр Боқиев, падари 8 фарзанд буд.

Ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар ҳолат дар қисмҳои ҳарбӣ наваскарон мавриди латукӯб ва зӯроварӣ қарор мегиранд. Муносибати ғайриоинномавӣ дар қисмҳои низомӣ, ба гуфтаи онҳо, ба як раванди маъмулӣ табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, солҳои охир назорат дар қисмҳои ҳарбӣ сахттар ва мавридҳои бадрафторӣ дар муқоиса бо гузашта камтар шудааст.

XS
SM
MD
LG