Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди паноҳандаҳо аз Украина дар Аврупо ба 10 млн расид


Дар ин бора Терри Бретон, комиcсари Иттиҳоди Аврупо дар умури бозори дохилӣ дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

Бретон гуфт, паноҳандаҳоро бештар Лаҳистон, Маҷористон ва Ҷумҳурии Чех мепазиранд. Дар Ҷумҳурии Чех, ба гуфтаи Бретон, теъдоди паноҳандагони Украина 440 ҳазорро ташкил медиҳад.

Пештар аз ин Комисcияи Аврупо гуфта буд, ки механизми таъмини ҳифзи муваққатро барои одамоне тамдид мекунад, ки аз хушунати Русия зидди Украина ба Аврупо паноҳ бурдаанд.

Ба ин тартиб, ин механизм аз 4 марти соли 2024 то 3 марти соли 2025 тамдид хоҳад шуд. Ин механизм ба бештар аз 4 млн кас имкон медиҳад, ки таҳти ҳимояти Иттиҳоди Аврупо бошанд. Бино ба он механизм, паноҳандагони украинӣ аз ҳамаи имконоти Иттиҳоди Аврупо бархурдор хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG