Дар Туркия дар наздикии шаҳри Измир чархболе суқут кард, ки дар дохили он се қирғизистонӣ ҳузур дошт. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар доданд.
Ин чахбол, ки дар хомӯш кардани оташи ҷангал иштирок мекард, ба сарбанд бархурдааст.
"Чархбол 4 сарнишин дошт, ки се нафари онҳо қирғизистонӣ буданд. Айни замон яке аз сарнишинҳо дар бемористон бистарӣ аст ва ҷустуҷӯӣ се тани дигар идома дорад", - омадааст дар хабари вазорат.
Иброҳим Юмаклӣ, вазири кишоварзӣ ва ҷангали Туркия ин хабарро тасдиқ кард. Вай гуфт, вазъи қирғизистонии бистаришуда муътадил аст.
Ба иттилои расонаҳо, шаҳрвандони Қирғизистон дар асоси шартнома дар хадамоти авиатсионии Туркия кор мекарданд.