Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, Украина имшаб ба хокаш ҳамла кардааст


Намунаи як ҳавопаймои бесарнишин
Намунаи як ҳавопаймои бесарнишин

Вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки шаби 16-уми сентябр дар қаламрави кишвар ду ҳавопаймои бесарнишинро сарнагун кардааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, системаи дифоъ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҳудуди вилояти Калуга ва Твер бесарнишинҳои украиниро нобуд намуд.

Вазорати мудофиаи Русия иддао кардааст, ки гуё Украина бо ин роҳ мехост, дар хоки Русия “ҳамлаи террористӣ” анҷом диҳад.

Дар бораи талафот хабаре дода нашудааст. Украина ҳанӯз ба ин иддаои Русия посух надодааст.

Хабаргузории РБК гуфтааст, ки дар якуним соли ҷанг аз хоки Украина ба Русия 500 бор ҳамла сурат гирифтааст. Дар 110 ҳолат аз талафот хабар нашр шудааст.

Русия моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард. Ин ҳамлаи Русияро кишварҳои ғарбӣ таҷовуз номида, маҳкум карданд ва Русияро таҳрим намуданд. Дар ин ҷанг ҳазорон нафар кушта ва милллионҳо украинӣ овора шуданд.

XS
SM
MD
LG