Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи "дурӯғин"-и Шнобел эълом шуданд


Шаби 15 сентябр маросими тақдими ҷоизаҳои Шнобел - ҷоизаи дурӯғини илмӣ барои муаллифоне баргузор шуд, ки кори илмиашон "нахуст шуморо механдонад ва баъдан ба фикр кардан во медорад".

Маросим, ки чун анъана аз сӯи як маҷаллаи амрикоӣ дар бораи таҳқиқҳои боварнакарданӣ ташкил карда мешавад, онлайнӣ сурат гирифтааст.

Ҷоизаҳоро ба ғолибони даҳ соҳаи илм, барандагони воқеии ҷоизаи Нобел тақдим карданд.

Соли 2020 дар бахши тиб президенти ИМА Доналд Трамп, президенти Русия Владимир Путин, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Бразилия Жаир Болсонару, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва инчунин президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соҳиби ин ҷоиза шуда буданд.

Бердимуҳаммадовро барои дастовардҳояш дар бахши беҳдоштӣ бо ин ҷоиза қадрдонӣ карда буданд. Дар замони паҳншавии вабои коронавирус ҳукумати Туркманистон тасмим гирифт, ки дар асоси яке аз китобҳои Бердимуҳаммадов аз вабо пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG