Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белгия эҳтимол фурӯши "iPhone 12"-ро манъ кунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати иқтисоди рақамии Белгия аз танзимгари соҳаи иртиботот дар ин кишвар дархост кардааст, ки хатарҳои эҳтимолии истифодаи "iPhone 12"-ро ба саломати одамон бисанҷад.

Вазорати иқтисоди рақамии Белгия аз танзимгари соҳаи иртиботот дар ин кишвар дархост кардааст, ки хатарҳои эҳтимолии истифодаи "iPhone 12"-ро ба саломати одамон бисанҷад.

Ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки мақомоти Фаронса дастур доданд, фурӯши дастгоҳи мазкур ба далели нақзи маҳдудиятҳои таъсири радиатсионӣ қатъ карда шавад.

Ширкати "Apple" 13-уми сентябр гуфт, мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии радиатсионӣ будани телефони "iPhone 12"-ро, ки соли 2020 истеҳсол шудааст, чанд созмони байнулмилалӣ тасдиқ кардаанд.

Масъулони ширкат мегӯянд, босифат будани дастгоҳро низ чанд санҷиши лаборатории худи "Apple" ва ҷонибҳои севум таъйид намудаанд ва бинобар ин, зидди дастури мақомоти Фаронса шикоят мекунанд.

Мақомоти Фаронса гуфтаанд, то замоне ки мушкилоти радиатсионии ошкоршуда дар ду озмоиши ахир бартараф нашавад, ба фурӯши "iPhone 12" иҷозат нахоҳанд дод. Ин тасмим эҳтимоли манъ шудани фурӯши телефони мазкурро дар Аврупо бештар мекунад.

XS
SM
MD
LG