Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳо ва иддаои Русияву Украина ба зидди якдигар


Севастопол
Севастопол

Дар ҳамлаи Украина ба як пойгоҳи таъмири киштӣ дар Қрими ишғолшуда ду киштии ҳарбии Русия осеб дидааст.

Ин дар ҳолест, ки Киев мегӯяд, ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия рӯзи 13-уми сентябр ба зербунёдҳои бандарӣ дар Одесса зарба заданд.

Вазорати дифои Русия гуфт, даҳ мушаки болдор ва се ҳавопаймои бесарнишини Украина ҷойи нигоҳдорӣ ва таъмири киштиҳоро дар Севастопол нишон гирифтанд.

Маскав тасдиқ кард, ки дар натиҷа ду киштӣ зарар дид. Михаил Развожаев, волии дастнишондаи Русия дар минтақа, гуфт, камаш 24 нафар захмӣ шуд.

Микола Олешук, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Украина, дар Telegram навишт, “ҳанӯз, ки ишғолгарон аз бомбаборони шабонаи Севастопол ба худ наомадаанд, мехоҳам ба халабонҳо сипос гӯям! Давом дорад…"

Олеҳ Кипер, волии Одесса, гуфт, дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия рӯзи 13-уми сентябр зербунёдҳои бандарӣ осеб дидаанд.

Ба иттилои нерӯҳои ҳавоии Украина, аз 44 ҳавопаймои бесарнишини “Шаҳид” (сохти Эрон), ки шаби 12 ба 13-уми сентябр ба Украина партофта шуд, 32 ҳавопайморо нобуд карданд.

XS
SM
MD
LG