Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқ дар Узбекистон гарон мешавад: Барои кӣ ва чӣ қадар?


Вазири энергетикаи Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов рӯзи 11-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, нархи нерӯи барқ аз аввали моҳи октябр танҳо барои шахсони ҳуқуқӣ дар ин кишвар боло бурда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир нархи барқ барои аҳолӣ бетағйир мемонад.

Мирзомаҳмудов афзуд, мақомот пеш аз боло бурдани нарх бояд шаҳрвандонро нахуст бо барқи доимӣ таъмин кунанд.

Қаблан Вазорати энергетикаи Узбекистон тарҳи қарори ҳукуматро ба баррасии умум пешниҳод кард, ки гарон кардани нархи барқ ва газро ба шахсони ҳуқуқӣ аз 1-уми октябри имсол пешбинӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир 1 кВт/соат барқ ба аҳолии Узбекистон ба 295 сӯм (0,02 доллар) фурӯхта мешавад. Мирзомаҳмудов изҳор дошт, ки эҳтимол нархи барқ барои аҳолӣ ҳам аз баҳори соли оянда гарон шавад.

XS
SM
MD
LG