Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Путин ва Ким Чен Ин дар космодроми Шарқӣ


Владимир Путин ва Ким Чен Ин, 13-уми сентябри соли 2023
Владимир Путин ва Ким Чен Ин, 13-уми сентябри соли 2023

Гуфтугӯи президентҳои Русия ва Кореяи Шимолӣ - Владимир Путин ва Ким Чен Ин – дар космодроми шарқӣ дар вилояти Амур оғоз шудааст.

Қатораи раҳбари Кореяи Шимолӣ дар наздикии бинои Маҷмааи ҷамъоварӣ ва озмоиши мушакбар боз истода, Путин Ким Чен Инро пешвоз гирифтааст.

Раҳбарони ду кишвар пеш аз оғози мулоқот бо рафти ҷамъоварии мушакбари "Ангара" дар космодром шинос шуданд.

Раисҷумҳури Русия гуфтааст, Ким Чен Ин ба техникаҳои марбут ба мушак ва кайҳон таваҷҷуҳи бештар дорад ва бинобар ин, маҳалли гуфтугӯро дар космодром таъйин карданд.

"The New York Times" менависад, раҳбари Кореяи Шимолӣ мехоҳад, аз Путин фанновариҳои кайҳонӣ ва кумаки ғизоӣ дарёфт кунад.

XS
SM
MD
LG