Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди Ҷо Байден тафтишот оғоз мешавад?


Конгресси Амрико тасмим гирифтааст, тафтишоти расмиеро оғоз кунад, ки эҳтимоли изҳори нобоварӣ ба президенти ин кишвар Ҷо Байденро дар пай дорад.

Раиси маҷлис Кевин Маккартии ҷумҳурихоҳ рӯзи сешанбе гуфт, дар доираи ин тафтишот иттиҳомҳои вобаста ба "суистифода аз мақом, монеагузорӣ ва фасодкорӣ" таҳқиқ мешаванд.

Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон хабар дода, ки аллакай ба кумитаҳои дахлдори маҷлис дастур додааст, то тафтишотро оғоз кунанд. Маккартӣ изҳор дошт, ки нисбат ба раисҷумҳури Амрико шубҳаҳои "ҷиддӣ ва боварибахш" вуҷуд дорад.

Би-би-сӣ мегӯяд, аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико баъд аз он ки дар моҳи январи имсол раҳбарии маҷлисро ба даст гирифтанд, тафтишотро ба зидди Байдени демократ оғоз кардаанд. Онҳо бештар робитаҳои кории писари 46-солаи Байден - Ҳантерро шубҳаовар медонанд.

Дар Кохи Cафед дар шарҳи тафтишот алайҳи Байден гуфтанд, ки ҷумҳурихоҳон то ҳол дар бораи қонуншикании президент далелеро пешниҳод накардаанд.

XS
SM
MD
LG