Ба иттилои кумита, чорвои шаҳрвандони Узбекистон, ки дар чарогоҳе дар минтақаи марзӣ қарор доштанд, ба ҳудуди Қирғизистон ворид шудаанд.
Раиси Кумитаи чарогоҳи рустои Куктоши Алабукин аз шаҳрвандони Узбекистон барои баргардонидани 9 гов 2 ҳазор доллар пора талаб кардааст.
Яке аз шаҳрвандони Узбекистон ба Идораи амнияти вилояти Ҷалолобод шикоят бурда, дар натиҷа мансабдорро ҳангоми гирифтани ҳазор доллар дастгир кардаанд.
Зидди мансабдори боздоштшуда бо гумони тамаъҷӯӣ парванда боз гаштааст.