Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Эрдуғон дар Сочӣ мулоқот мекунанд


Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, рӯзи 4-уми сентябр дар Русия дидору мулоқот хоҳанд кард. Дар ин бора Дафтари матбуоти Кремл хабар додааст. “Мулоқот нимаи рӯзи душанбе дар Сочӣ баргузор мешавад.”- гуфтааст Дмитрий Песков, сухангӯи Путин.  

Қаблан мақомоти Туркия ҳам гуфта буданд, ки қарор аст дар мулоқоти навбатии Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, дар аввали моҳи сентябр, эҳтимоли ширкати дубораи Русия дар созиши содироти гандум баррасӣ шавад.

Ин аввалин дидори раҳбарони Русия ва Туркия баъди берун шудани Маскав аз созиши содироти гандуми Украина аст.

Моҳи июл Русия эълон кард, ки ширкаташро дар ин созиш мутаваққиф мекунад.

Ин созиши бесобиқа моҳи июли соли гузашта, зери сарпарастии СММ ва Туркия таҳия шуда, имкон медод, ки дар шароити ҷанг гандуми Украина аз бандарҳои Баҳри Сиёҳ ба кишварҳои Африқо, Ховари Миёна ва Осиё содир шавад.

Киев гуфта буд, аз замони хориҷ шудани Маскав аз созиши содироти гандум, артиши Русия даҳҳо анбори гандумро дар Украина нобуд кард.

XS
SM
MD
LG