Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бетартибҳо дар майдони бузкашӣ қариб 100 кас ҷароҳат бардоштааст


Даҳҳо нафар дар бетартибиҳои Уши Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Мусобиқаи Ҷоми президент оид ба кок-бору ё бузкашӣ дар ин кишвар бо муноқиша ва маҷрӯҳ шудани 100 нафар анҷом ёфт. Як касро ба бемористон интиқол додаанд.

Дар ин бора Жилдиз Айгерчинова, сухангӯи вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод.

"Ҳангоми бетартибҳо корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро латту кӯб кардаанд, вай дар бемористон бистарӣ аст. Онҳое ҳам ҳастанд, ки дар натиҷаи сангпартоӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" ҳам зараррасидааст. Шишаҳояшро шикастаанд", - гуфт вай.

Дар занозание дар Рӯзи истиқлоли Қирғизистон даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Муноқиша дар даври ниҳоии бозиҳои Ҷоми президенти Қирғизистон оид ба кок-бору, рӯзи 31-уми август сар зад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шудааст, ки дида мешавад, гурӯҳе ба сӯйи майдони мусобиқа ҳамла мекунанд. Ба нақли шоҳидон, бетартибӣ баъди он оғоз шуд, ки мухлисони норозӣ аз натиҷаи бозӣ доварро латту кӯб кардаанд.

Мақомоти Қирғизистон ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардаанд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои "Достук" ва "Интимак" рақобат карданд ва дастаи "Интимак" пирӯз эълом шуд.

XS
SM
MD
LG