Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон 32-солагии истиқлоли худро ҷашн гирифт


Қирғизистон имрӯз, 31 август 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад.

Чорабиниҳои идона дар Ӯши он кишвар баргузор мешаванд. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар маросими барафрохтани парчами давлатӣ дар шаҳр иштирок ва суханронӣ кардааст.

Вай гуфтааст, ба ифтихори ҷашни истиқлоли кишвараш фармони додани унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон ба ходимони маъруфи давлатӣ Насридин Исанов ва Абдӣ Суерқуловро баъд аз марг имзо кардааст.

Маросимҳои расмии таҷлили Рӯзи истиқлоли Қирғизистон соли гузашта дар ноҳияи Аламудини вилояти Чуйи он кишвар баргузор шуда буданд.

Эъломияи истиқлоли Қирғизистонро Шӯрои олии ин кишвар 15 декабри соли 1990, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кард ва 31 август порлумон эъломияро ба тасвиб расонд. Ин рӯз дар Қирғизистон расман истироҳат эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG