Нозгул Бодбоева, ҳамсари вай дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки Шакир нисфирӯзии 23 август дар хона буд, аммо баъди он нопадид шуд.
"Вақте ман ба хона омадам, дар боз ва Олжобой дар хона набуд. Телефон хомӯш буд. Вай бо хешовандон тамос нагирифтааст. Мо намедонем, ки вай дар куҷост. Вақте ман хона омадам, кормандони пулиси шаҳри Бишкек ҳам омаданд. Онҳо гуфтанд, барои он омадаанд, ки дар бораи гирдиҳамоие суҳбат кунанд, ки Олжобой мехоҳад, 31 август баргузор кунад", - гуфт Бодбоева.
Дертар маълум шуд, ки Олжобой Шакир ҳамроҳ бо вакили мудофеаш дар Кумитаи амният аст. Шакирро барои 48 соат боздошт кардаанд.
Вакили мудофеаш гуфт, ӯро барои даъват ба итоат накардан ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби ҳокимият айбдор мекунанд.
Шакири 52-сола аз амалҳои мақомот интиқод мекунад. Вай пешниҳод дорад, ки рӯзи 31 август зидди амалҳои ғайриқонунии мақомот гирдиҳамоӣ ташкил шавад.