Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Байден: Украина қадам ба қадам қаламравашро озод мекунад


Ҷейк Салливан, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ
Ҷейк Салливан, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ

Мақомоти ИМА ба ақидае, ки гуё вазъ дар майдони ҷанг дар Украина ба бунбаст ворид шудааст, розӣ нестанд, изҳор намуд Ҷейк Салливан, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллӣ.

Ба гуфтаи Салливан, Украина қаламравашро пайваста ва қадам ба кадам озод мекунад.

Салливан тасдиқ кард, ки артиши Русия талоши роҳандозии ҳамлаи густурда дар шимолу шарқро дорад, аммо артиши Украина аз ин талошҳо ба таври муваффақ пешгирй мекунад ва хамзамон дар ҷанубу шарқ амалиёти ҷавобиро пеш мебарад.

Дар посух ба ин суол, ки оё Кохи сафед дар робита ба суръати кунди ҳамлаи ҷавобии Украина ноумед шудааст ё на, Салливан гуфт, ИМА ба Украин танҳо машварат медиҳад, тасмими чӣ гуна амал кардан дар ихтиёри худи Киев аст.

Ибтидои ҳамин моҳ ҳукумати Ҷо Байден аз Конгресси ИМА хостори ироаи 24 млрд доллар шуд, ки дар назар аст бахше аз он барои кӯмак ба Украина равона шавад.

XS
SM
MD
LG