Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Тоҷикистон ба ҳамла ба зиёратгоҳи Шоҳчароғ


Тоҷикистон ҳамла ба зиёратгоҳи Шоҳчароғи Шерозро маҳкум кард, вале дар бораи ширкат доштани шаҳрвандонаш дар ин ҳодиса ягон дархости расмӣ нагирифтааст.

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, 15-уми август дар Душанбе изҳори назар кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, дар сурати дарёфти дархости расмӣ, Душанбе омода аст ба мақомоти Эрон дар ин замина мадад кунад.

Муҳриддин гуфт, “ин амали террористӣ ягон зарар ё таъсире ба муносибатҳои мо бо Эрон нахоҳад расонд. Муштаракоти таърихӣ ва дигар пайвандҳои ногусастанӣ миёни мардуми кишварҳои мо бештар аз он аст, ки кадом омили террористӣ тавони таъсир ба онҳоро дошта бошад.”

Ду рӯз пеш ба зиёратгоҳи шиаён дар Шероз ҳамла шуд ва ба гуфтаи мақомоти эронӣ ду нафар кушта ва 7 кас маҷруҳ шуданд.

Козим Мусавӣ, раиси умумии Додситонии вилояти Форс, гуфт, сабабгори ҳамла пештар аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд ва худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.

Телевизиони форсии BBC шаби гузашта аз қавли мақомоти эронӣ гуфт, ҳамлавар аз “Бадахшон ва шаҳрванди Тоҷикистон аст.”

Дар наворе, ки ин телевизон пахш кард, ҷавоне бо чашмони баста дида мешавад, ки зоҳиран камтар аз 30 сол син дорад. Расонаҳои эронӣ ӯро Раҳматулло Наврӯзов муаррифӣ кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG