Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Нангарҳор се расонаи хабариро бастанд


Дар се рӯзи ахир Толибон пахши барномаҳои се расона дар вилояти Нангарҳорро қатъ кардаанд.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, дафтари радио ва телевизиони “Ҳамешабаҳор” аз сӯи Толибон баста шуда, дирӯз фаъолияти радиои “Нан” ё “Имрӯз” ва радиои "Ҷавонон" масдуд шудааст.

Ба далели мушкилоти иқтисодӣ ин се расона дар шаҳри Ҷалолобод як хонаро иҷора гирифта, барномаҳои худро аз онҷо пахш мекарданд.

Масъули яке аз ин расонаҳо, ки ба далоили амниятӣ нахост муаррифӣ шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Толибон ҳеҷ далели қонеъкунанда барои бастани ин расонаҳоро пешниҳод накардаанд.

Вай дар идома гуфт, мушкил рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, замоне оғоз шуд, ки радио ва телевизиони "Ҳамешабаҳор" як давраи омӯзиширо барои рӯзноманигорони ҷавон, аз ҷумла 9 духтар оғоз кард.

Ин манбаъ афзуд, дар рӯзи аввали дарс нерӯҳои мусаллаҳи Толибон вориди синфхона шуда, кормандони радио ва телевизионро лату кӯб карданд ва дафтари онҳоро бастанд.

Телевизиони "Ҳамешабаҳор" дар дар даҳ соли ахир барои такмили ихтисоси рӯзноманигорон пайваста омӯзишҳо ташкил мекард.

Мақомот ва масъулони Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон баста шудани се расона дар вилояти Нангарҳорро шарҳ надодаанд.

Ҳамзамон созмонҳои ҳимоят аз рӯзноманигорон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостаанд, то Толибонро водор намоянд, ки маҳдуд кардани озодии баён ва бастани расонаҳоро бас кунад.

Ҳомид Пӯё, раиси ниҳоди маъруф бо номи "Бозори Медиа" дар паёме таъкид кард, ки барномаҳои радио ва телевизиони Ҳамешабаҳор бояд аз нав оғоз шавад. Вай гуфт:

"Мо бори дигар аз масдуд ва қатъи пахши ин телевизион изҳори нигаронии амиқи худро баён мекунем ва ба ҷуз аз ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Дафтари ноиби раиси Созмони Милали Муттаҳид, хоҳиш мекунем, ки пеши роҳи хушунатҳои афзояндаи гурӯҳи Толибон ва таҳдиду зӯровари алайҳи расонаҳову журналистонро бигирад"

"Най", оҷонси пуштибонӣ аз расонаҳои озоди Афғонистон низ дар баёнияе гуфтааст, ки идомаи фишорҳо аз сӯйи Ҳукумати Толибон пайёмади хуб надорад.

XS
SM
MD
LG