Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон назорати дороиҳои баргардонидашуда сахттар мешавад


Kazakhstan - House of Ministries /hause of ministr/. Astana, 27Oct2011.
Kazakhstan - House of Ministries /hause of ministr/. Astana, 27Oct2011.

Вазорати молияи Қазоқистон лоиҳаи қарори ҳукумати ин кишварро ба баррасии умум пешниҳод кардааст, ки таъсиси ширкати давлатӣ барои идораи дороиҳои баргардонидашударо пешбинӣ мекунад.

Ширкати мазкур дар асоси қонун дар бораи баргардонидани дороиҳои давлатии Қазоқистон, ки ғайриқонунӣ аз худ карда шудаанд, таъсис дода мешавад. Ин қонун 12 июли имсол қабул гашт.

Тибқи лоиҳаи қарор, ширкат вазифадор аст, ки дороиҳои баргардонидашудаи давлатиро ба ихтиёри худ дароварда, онҳоро ҳифз ва раванди харҷашонро идора кунад.

Муаллифони лоиҳа гуфтаанд, барои ин ташаббуси онҳо аз буҷаи давлат пул ҷудо нахоҳад шуд. Ин лоиҳа то 14 август дар баррасии умум қарор мегирад.

Бунёди "Transparency Kazakhstan" моҳи апрели имсол гуфт, раванди баргардонидани дороиҳое, ки ғайриқонунӣ аз Қазоқистон берун бурда шудаанд, "ғайришаффоф" сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG