Мақомоти Толибон дар Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи чанд рӯзи обхезиҳо дар ин кишвар дастикам 31 нафар кушта ва дастикам 74 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ба қавли маъмурияти ин кишвар, эҳтимол дорад, ки шумори қурбониҳо бештар шавад. Инчунин садҳо гектар заминҳои кишт ва дастикам 604 манзил хароб шудааст. Хисороти бештарин дар вилояти Майдон Вардак мушоҳида мешавад.
Мақомот инчунин аз хатари обхезиҳо дар Кобулу Ҳилманд огоҳ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар бархе минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистони ҳамсояи Афғонистон ҳам сел харобиҳое дар пай доштааст. Аз ҷумла, рӯзи 22-уми июл бар асари сел роҳи Душанбе-Бадахшон чанд соат баста шуда буд.